Бо мақсади таъмин намудани аҳолии мамлакат бо барқ дар фасли зимистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009, №653 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба тасвиб расид. Бо мақсади ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин истифодаи васеи асбобу таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 истифодабарии лампаҳои каммасрафи барқӣ ба ҷойи лампаҳои тафсон оғоз гардид.
Истифодабарии лампаҳои каммасрафи барқӣ, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои сарфакорона истифода гаштани захираҳои тавлидкунандаи барқ, махсусан дар фасли зимистон, ки ҷумҳурӣ танқисӣ мекашид, амали саривақтӣ ва муфид буд. Дар ин росто зарурияти ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои каммасрафи симобдор ба миён омад, ки он воридоти техникаву технологияи зарурӣ ва манбаъҳои молиявиро талаб мекард.
Дар ин замина «Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» тасдиқ карда шуд.
Қоидаҳои мазкур тартиби муносибат бо партовҳои лампаҳои каммасрафи барқии люминисентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромада, ки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, безараргардонӣ, интиқол ва ҷойгиронии нодурусти онҳо метавонад боиси расонидани зарар ба ҳаёт, саломатии аҳолӣ, ҳайвонот, наботот ва муҳити зист гардад, муқаррар менамояд.
Тибқи талаботи банди 1 қарори болозикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадор гардидаанд, ки дар давоми солҳои 2011-2012 бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, грантҳо барои харидорӣ ва ба истифода додани на камтар аз панҷ адад дастгоҳи безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Вале, мутаассифона, талаботи банди 1-и карори мазкур аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор то ба имрӯз ҳалли худро наёфтааст.
Дар ҷумҳурӣ аз давраи қабули қарори мазкур то ба имрӯз тибқи маълумоти пешниҳодгардида 1765 нуқтаи қабули лампаҳои симобдори каммасрафи аз истифода баромада ташкил карда шуда, аз аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо ба миқдори 1402898 адад лампаҳои симобдори аз истифода баромада ҷамъоварӣ гашта, дар нуқтаҳои қабули муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Солҳои охир шаҳрвандони ҷумҳурӣ зараровар будани лампаҳои каммасрафи симобдорро дарк намуда, аз истифодаи чунин лампаҳо даст кашида истодаанд. Айни замон дар аксари хонаҳои истиқоматӣ, корхонаву муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо лампаҳои каммасрафи нуридиодӣ истифода бурда мешаванд, ки аз лиҳози экологӣ безарар, инчунин арзон ва каммасраф мебошанд.
Тибқи тадқиқотҳои мавҷуда вазъи экологӣ дар ҷумҳурӣ имрӯз қаноатбахш арзёбӣ мегардад, аммо барои ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ аз ҳамагуна партовҳо, аз ҷумла партовҳои лампаҳои симобдор, ки ба талаботи экологӣ ва санитарӣ ҷавобгуй нестанд, бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Тибқи меъёрҳои санитарӣ ҳадди ҷоизи ғизлати симоб дар ҳавои атмосфераи биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ бояд 0,0003мг/м3-ро ташкил кунад. Дар таркиби як адад лампаи каммасрафи симобдор бошад, ба ҳисоби миёна 2-7 мг симоб мавҷуд аст, ки ин хатари ҷиддии экологӣ мебошад. Ҷамъоварии лампаҳои мазкур бошад, имрӯз танҳо 18-20%-ро ташкил мекунад. Дар сурати шикастани танҳо як лампа ғизлати буғи симоб дар ҳавои атмосфера мумкин аст аз ҳадди ҷоизи ғизлат беш аз 160 маротиба зиёд шавад. Ҳамин тавр таҳдид намудани зарари лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист аз эътимол дур набуда, аз мақомоти марбутаи салоҳиятдор чораҷӯии таъҷилиро тақозо менамояд.