Мушкилоти зерин дар самти мазкур ҷой дорад:
1. Бинобар дар амалияи фаъолияти сохтмонӣ ва дастраси ба манзилҳо барои шаҳрвандон зарурат пеш омадааст, ки ба тариқи мушаххас вобаста ба шарикии ҳиссагӣ дар манзили истиқотмаи дар доираи санади меъёрии ҳуқуқии мукаммал мавриди танзим қарор дода шавад.
2. Яке аз ҳолатҳои дигари мавҷудбуда дар он аст, ки дар амалияи бадастовардани манзил бо воситаи саҳмгузорӣ ба он яъне шарикии ҳиссагӣ ба таври расмӣ то ба анҷом амалӣ карда намешаванд, ҳолати мазкур ба он оварда мерасонад, ки шахси ҳиссагузор наметавонад ба мақсади худ бирасад.
Имрӯз чунин шакли ба даст овардани молу мулки ғайриманкул, яъне шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ барои тамоми аҳолии мамлакат нақши муҳим дорад. Маҳз бо бастани шартномаи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ шаҳрвандон имконияти ба даст овардани манзили дилхоҳ, ки комилан нав, бо ҳароҷоти камтарин пайдо менамоянд.
Дар Тоҷикистон, иштироки шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ роҳи маъмултарини таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба манзил мебошад, ки ҷалби маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро дар бар мегирад. Тақозои зиёд ба он асос аст, ки ширкатҳои сохтмонӣ метавонанд сармоягузорони хурд-саҳмдоронро ҷалб намоянд ва инчунин харидорони эҳтимолӣ имконияти масрафи камтар намудан барои ба даст овардани амволро пайдо мекунанд.
Аммо, сарфи назар аз диққатҷалбкунанда будани ба даст овардани амволи ғайриманқул бо ин роҳ, ҳангоми бастани шартномаи ҳиссагӣ дар сохтмон, шаҳрвандон таваккалҳои муайянро ба дӯш мегиранд. Шумораи зиёди саҳмдорон, ки софдилона маблағи худро ба сохтмони манзили ояндаи худ сарф мекунанд, бе пул ва бе манзил мемонанд.
Дар сурати наандешидани ягон амал иҷрои вазифаҳо ва ҳадафҳое, ки аз Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст, бе натиҷа мемонад. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати омода намудани лоиҳа вазифадор мебошад.
Ҳамзамон мушкилоти ҷойдошта дар самти мазкур зиёд гардида, баҳсҳои зиёдеро байни шарикон ва ҳисагузорон ба миён меорад.