Мушкилоти зерин дар самти мазкур ҷой дорад:
1. Мушкилот оид ба танзими ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқи истисноӣ ба номи фирмавӣ.
2. Мушкилот оид ба ҳифзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ.
3. Мушкилот вобаста ба истифодабарии ғайриқонунии номи фирмавӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Конвенсияи Париж “Оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ” ба ҳисоб меравад, ки Конвенсияи мазкур дар баробари дигар объектҳои моликияти саноатӣ, “Номи фирмавӣ”-ро низ ҳамчун объекти алоҳида ба танзим медарорад.
Мутобиқи қисми 4 моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, бояд номи фирмавӣ дошта бошад. Шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно, яъне истисноӣ дорад.
Шахсе, ки номи ба қайд гирифташудаи фирмавии шахси дигарро ғайриқонунӣ истифода мекунад, бо талаби соҳиби ҳуқуқдори номи фирмавӣ вазифадор аст истифодаи онро қатъ карда, зиёни расонидаашро ҷуброн намояд.
Боиси зикр аст, ки дар қисми 4 моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки тартиби бақайдгирӣ ва истифодаи номи фирмавиро қонунҳо мутобиқи ҳамин Кодекс муайян менамоянд. Тавре, ки дида мешавад муносибатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба номи фирмавӣ мутобиқи меъёрҳои Кодекси гражданӣ ва меъёрҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии иловагӣ муқаррар гардидаанд, татбиқ карда мешаванд.
Мавриди қайд аст, ки номи фирмавӣ мутобиқи қисми 2 моддаи 1126 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз объектҳои алоҳидаи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ муқаррар карда шудааст, аммо дар Кодекси мазкур мафҳум ва мазмуни номи фирмавӣ пешбинӣ нашудааст.
Ҳамзамон, тартиби бақайдгирии номи фирмавӣ дар асоси бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба роҳ монда шудааст, вале дигар муносибатҳое, ки аз истифодабарии “Номи фирмавӣ” бармеоянд ба танзим дароварда нашудаанд, аз он ҷумла муносибатҳои объекти мазкур бо дигар воситаҳои фардикунонии молу хизматрасонӣ дар муомилоти гражданӣ.
Ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номи фирмавӣ” мушкилиҳое, ки байни номи фирмавӣ ва дигар воситаҳои фардикунонӣ (тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ ва нишонаи тиҷоратӣ) ба вуҷуд меоянд, пурра бартараф хоҳанд шуд, инчунин баррасӣ ва ҳалли баҳсҳо миёни шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ, соҳибкорон ва мақомотҳои ваколатдори давлатӣ, аз он ҷумла судҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ осон мегарданд.