Рақам 78
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 15.11.2023
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.01.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2022, №157”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в Постановление Правления Национального банка Таджикистана от 30 декабря 2022 года, №157”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 15.11.2023
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Қайд кардан зарур аст, ки додани қарз ин яке аз амалиёти асосии ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб меравад ва раванди додани қарз ва ҳисоб кардани фоизи он бояд чунон ба роҳ монда шавад, ки манфиятҳои тарафайнро ҳимоя ва ҳифз намояд.

    Мақсади асосии Дастурамали №255 дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2022, №157 тасдиқ шудааст, ин муқаррар намудани ҳадди ақали талаботҳо оид пешниҳоди қарз, ҳуҷҷатҳои қарзӣ, низоми идоракунии хавфи қарзӣ ва тартиби ҳисоб намудани фоизи қарз дар ташкилотҳои қарзӣ мебошад.

    Мавриди зикр аст, ки ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд ҳуқуқи гузаронидани амалиёти бонкии зеринро – пешниҳоди қарзҳои хурд ва бастани қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худро доро мебошанд ва бинобар зиёд накардани хароҷотҳои амалиётӣ барои ташкил ва нигоҳ доштани марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд  ҷиҳати ҷойгиркунии захираҳои қарзии худ ва дастрасии аҳолӣ ба маблағҳои нисбатан арзон, хоҳиши ба воситаи воҳидҳои сохтории дигар ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод намудани маблағҳои худро ба аҳолӣ изҳор намудаанд.

    Бояд қайд кард, ки ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд дар минтақаҳои гуногуни кишвар воҳидҳои сохтории кам доранд ва ё умуман надоранд, ки ин дар раванди азхуд кардани захираҳои молиявӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар монеа мешавад. Таъсис додани воҳидҳои сохторӣ баҳри ба роҳ мондани танҳо як амалиёти қарзӣ хароҷоти зиёдро талаб менамояд, ки аксар ташкилотҳои мазкур имконияти таъсис додани воҳидҳои сохториро надоранд.

    Инчунин, таъсиси воҳидҳои сохторӣ арзиши қарзро зиёд менамояд. 

    Айни замон, дар дастурамали болозикр механизми ҳамкории ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд бо мақсади пешниҳоди қарзҳои хурди муштарак ба воситаи воҳидҳои воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии хурд ба қарзгирон танзим нагардидааст.

   Инчунин, дар дастурамали болозикр мафҳуми қарзи муштарак ва тартиби додани он муқаррар нашудааст.

Бо назардошти тағйиру иловаҳои мазкур ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд имконият пайдо менамоянд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои қарзӣ бо воситаи воҳидҳои сохтории онҳо, қарз пешниҳод намуда,  дастрасии аҳолиро ба маҳсулотҳои қарзӣ бо роҳи аз байн бурдани хароҷотҳои барзиёд васеъ намоянд.

       Дар ҳолати қабул нагардидани тағйиру иловаҳо ба дастурамали мазкур дар раванди азхудкунии захираҳои қарзӣ, васеъ намудани доираи қарздиҳӣ ва аз байн бурдани хароҷотҳои иловагӣ дар ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд, монеа эҷод карда метавонад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

    Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд.

    Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дастурамали мазкур ин паст намудани фоизи қарз бо роҳи аз байн бурдани хароҷотҳои иловагӣ ва дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявии ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Дар заминаи қабул гардидани тағйиру иловаҳо ба дастурамали мазкур, ба роҳ мондани тартиби пешниҳоди қарз тариқи воҳидҳои сохтории дигар ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ карда мешаванд.

   Пешниҳоди қарз тариқи воҳидҳои сохтории дигар ташкилотҳои қарзӣ танҳо тавассути бастани шартномаи (созишномаи) сурат мегирад.

    Ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд бояд сиёсатҳоро оид ба шароит ва шартҳо барои пешниҳоди қарзи мазкур дошта бошад, ки аз тарафи шурои нозирон (шурои парасторон) тасдиқ шудааст.

    Дар лоиҳаи қарори мазкур чораҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

  • тартиби додани қарз тариқи воҳидҳои сохтории дигар ташкилотҳои қарзӣ ба роҳ монда мешавад;
  • ҳамкории дуҷониба бо шартномаи хизматрасонӣ ва санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳои қарзӣ ба танзим дароварда мешавад.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

    Дар асоси дархости ташкилотҳои қарзӣ ва  талаботи Низомнома “Оид ба реҷаи махсуси танзим” тибқи фармони раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2022, №52/фф “Дар бораи таъсиси Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи реҷаи махсуси танзим” Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон таъсис гардида, реҷаи махсуси танзим ҷиҳати таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳити маҳдуд санҷиши маҳсулоти наву инноватсионӣ – қарзи муштарак ба муштариён бо мақсади дастрас намудани қарзҳои хурд барои фаъолияти соҳибкориву кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногун ба роҳ монда шуд.

    Бояд қайд кард, ки муштариён ба истифодабарии маҳсулоти наву инноватсионӣ, бо сабаби паст будани меъёри фоизӣ қарз талаботи зиёд изҳор намуданд ва ҳангоми амалигардонии маҳсулоти наву инноватсионӣ, бо сабаби зиёд будани талабот ташкилотҳое, ки дар онҳо раванди қайдгардида ба роҳ монда шуда буд, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд.

    Ҳамин тариқ аз натиҷаҳои бадастоварда, Гурӯҳи корӣ татбиқи реҷаи махсуси танзим (қарзи муштарак - маҳсулоти нави инноватсионӣ)-ро бобарор арзёбӣ намуд.

    Бо назардошти гуфтаҳои боло бидуни таҳияи лоиҳаи қарори мазкур ҳалли мушкилӣ ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

      Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.    

   Дар ҳолати қабули тағйиру иловаҳо хароҷотҳое, ки барои пешниҳоди қарз сарф мешаванд нисбатан кам гардида, имконияти самаранок истифода намудани захираҳои қарзиро дар ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд зиёд менамоянд.

     Оқибатҳои иҷтимоии қабули қарор:

   -    дар сурати қабул гардидани тағйиру иловаҳо ба дастурамали мазкур ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд, ки дар низоми бонкии кишвар фаъолият мекунанд, сиёсати қарзии худро таҳия намуда, ба аҳолии кишвар хизмартасонии қарзиро тариқи воҳидҳои сохтории дигар ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод менамоянд;

   - зиёд гардидани ҷойҳои корӣ;

    - сари вақт қонеъ гаштани талаботи муштариёни ташкилоти қарзӣ ва дар маҷмуъ беҳтар гардидани фазои қарздиҳӣ ва хизматрасонии бонкӣ дар кишвар ва ғ.

       Оқибатҳои иқтисодии қабули қарор:

    -  барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди низоми бонкӣ ва дар навбати худ ба иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад;

   - боиси тақвият бахшидани низоми бонкии кишвар, беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, осон гардидани тартиби қарздиҳӣ, беҳтар шудани мониторинги сандуқи қарзӣ, коҳиш додани хавфи қарзӣ, такмил ёфтани қарздиҳии онҳо ва рушди соҳибкории хурду миёна, ба зиёд гардидани ҷойҳои корӣ мегардад;

   - зиёд гардидани ҳаҷми қарздиҳӣ ва паст шудани меъёри фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда;

     - кам гардидани хароҷотҳои амалиётии ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд.

    

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 15.11.2023
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00078-MMK-Untitled.FR11-78.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 12.10.2023
Дастрас он-лайн