Рақам |
83
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
26.04.2024
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
31.05.2024
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Тартиб
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Порядок и нормы вычетов отчислений в страховые резервные фонды
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
13.04.2024
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суруртавиро танзим менамояд.
Ҷиҳати риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба ташаккулдиҳии фондҳои захиравии суғуртавӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Тартиби мазкурро таҳия намояд.
Дар ҳолати мавҷуд набудани чунин тартиб раванди дурусти ташаккулдиҳии фондҳои захиравии суғуртавӣ риоя карда намешавад, ки он боиси коҳиш ёфтани пардохтпазирӣ ва аз байн рафтани қисми ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мегардад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Бонки миллии Тоҷикистон Тартибро бо мақсади ташаккулдиҳии фондҳои захиравии суғуртавӣ, рушди босамари бозори суғурта, инчунин барои таъсис ва нигоҳдории низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул менамояд.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоиҳаи Тартиб чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
- асосҳо барои ташаккулдиҳии фондҳои захиравии суғуртавӣ;
- сохтори захираҳои суғуртавӣ;
- риояи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ тавассути формулаҳои математикӣ;
- талабот ба андозбандии захираҳои суғуртавӣ.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ танзими фаъолияти ташкилотҳои суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) тибқи талаботи қонунгузории соҳа ба роҳ монда истодааст.
Таҷриба нишон дод, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ, аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ тибқи принсипҳои асосии суғурта ба роҳ монда намешавад, ки ин омил боиси пардохтнопазир гардидани ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мегардад.
Инчунин, набудани санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ ба таъмин гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон ҳангоми пардохту ҷуброни суғуртавӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” пешбинӣ намудааст, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани бозори суғурта ғайриимкон мебошад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Тартиб аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.
Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
- Устувории молиявӣ ва сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ беҳтар мегардад;
- барои баланд бардоштани эътимоди суғурташавандагон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ҳангоми пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ такони ҷиддӣ мебахшад;
- фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунии) кишвар ба таҷрибаи байналмилалӣ фаъолияти соҳавӣ мутобиқ мегардад;
- риояи муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ таъмин мегардад.
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
- истифодаи самараноки маблағҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) танзим карда мешавад;
- андозсупории субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ба таври дуруст ба роҳ монда мешавад;
- қонунвайронкуниҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ дар ташаккулдиҳии захираҳои суғуртавӣ пешгирӣ карда мешавад;
- устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъмин карда мешавад;
сатҳи хавфҳои қобили пардохтпазирӣ ва бозорӣ паст мегардад.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
13.04.2024
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00083-MMK-Untitled.FR12.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
13.03.2024
|
Дастрас он-лайн |
|