Рақам 89
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Хадамоти алокаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Вазорату идорахо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 16.06.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 16.09.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан «О Порядке и требованиях подключения к сетям электрической связи и оказания услуг, связанных с ними»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 16.06.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Лоиҳа дар асоси супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2023 ҷиҳати иҷрои моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», ки дар таҳрири нав 22 июни соли 2023 қабул гардид ва бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла тартибу талоботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он таҳия карда шуд.

Дар лоиҳаи қарори мазкур тартиби ба тавозуни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ гузаронидани маблағи пулӣ, танзими пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ бо роҳи бақайдгирии симкортҳо, пайваст кардани воситаҳои мобилии бе симкорт фаъолияткунанда ба шабакаи алоқаи мобилӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷозатномадори хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд,  инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ пешбинӣ гардидааст.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бо таҳияи лоиҳаи мазкур давлат барои рушд ва таҳкими сармоягузории хориҷӣ, амнияти миллӣ ва бехатарии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Дар сурати мутобиқ ба талаботи умумиэътирофшуда қабул гардидани лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» иҷозатномадори хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд, инчунин истифодабарандагони хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар раванди фаъолияти худ мушкилоти ба вуҷуд меомадаро бе мамониат тибқи лоиҳаи мазкур ҳал менамоянд.   

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» дар асоси супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2023 ҷиҳати иҷрои моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав омода гардидааст. Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки лоиҳа бо назардошти таклифу пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор такмил дода шудааст.

Лоиҳаи мазкур аз 6 боб ва 27 банд иборат буда, муносибатҳоро вобаста ба тартиби ба тавозуни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ гузаронидани маблағи пулӣ, танзими пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ бо роҳи бақайдгирии симкортҳо, пайваст кардани воситаҳои мобилии бе симкорт фаъолияткунанда ба шабакаи алоқаи мобилӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷозатномадори хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд,  инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи хизматрасониҳои алоқаи мобилиро ба танзим медарорад.

   Дар лоиҳа тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷозатномадори хизматрасониҳои алоқаи барқӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд,  инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ пешбинӣ гардидааст.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бидуни таҳияи лоиҳа ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ғайриимкон аст, зеро танҳо дар сурати мутобиқ намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» монеаҳои мавҷуда бартараф гардида, баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои мавҷуда дар ин самт дуруст ва самаранок ба роҳ монда мешавад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Лоиҳа ба рушди иқтисодиёт ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 16.06.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00089-MMK-Untitled.FR12.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе х. Рудаки 57, 918817701, mincom@rs.tj
Санаи нашр 15.05.2024
Дастрас он-лайн