Рақам |
91
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳо оид ба ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, тасарруф, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир иштирок менамоянд.
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
17.06.2024
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
01.09.2024
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қонун
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Закон Республики Таджикистан «О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях»
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
16.06.2024
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ин муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир буда, ҳангоми қабул гардидани он зарурати ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба миён меояд.
Зеро дар сурате, ки миқдори моддаҳои сахттаъсири мусодирашуда таркиби ҷиноятро ташкил надиҳанд, шахси содирнамудаи чунин кирдор аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ дур мемонад. Чунки барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир, ки таркиби ҷиноятро ташкил намедиҳад, айни ҳол ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ нагардидааст.
Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ дониста мешавад, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 1281 илова карда шуда, барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда шавад.
|
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти таҳия гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шудаанд.
Қобили тазаккур аст, ки таҳияи лоиҳаҳои зикргардида ҷиҳати иҷрои банди 40-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025 равона гардидаанд.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Лоиҳаи мазкур аз 2 модда ва 2 банд иборат буда, муносибатҳо оид ба ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, тасарруф, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсирро танзим менамояд.
Лоиҳа бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва таҷрибаи ҷумҳурӣ доир ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
- муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир;
- лоиҳа ворид намудани калимаи “тасарруф” ба моддаи 128 КҲМ пешбинӣ шудааст. Мақсад аз ворид намудани иловаи мазкур муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои тасарруфи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва моддаҳои сахттаъсир ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят мебошад.
|
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Лоиҳа дар маҷмуъ барои ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои самти мазкур равона гардидааст.
Аз ҷониби таҳиякунанда чунин чораҳо (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуҳуқӣ) андешида шудаанд:
• фаҳмондадиҳӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ки дар муносибатҳои зикргардида иштирок менамоянд.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.
Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
• ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷавобгарии маъмурӣ барои тасарруфи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва моддаҳои сахттаъсирро пешбинӣ гардидааст;
• дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми банду басти ҳуқуқвайронкунӣ мушкилиҳои бартарф менамояд.
Оқибатҳои иқдисодии лоиҳаи мазкур:
• муомилоти қонунии ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, тасарруф, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир ба танзи медарорад.
Бо қабул гардидани лоиҳаи пешниҳодшуда татбиқи дуруст ва яксони мукаррароти конунгузории амалкунанда оид ба муомилоти қонунии ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, тасарруф, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани моддаҳои сахттаъсир мусоидат хохад намуд.
Бидуни ворид намудани чунин иловаҳо ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин танзими масъалаи мазкур ғайриимкон мебошад.
|
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
16.06.2024
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00091-MMK-Untitled.FR12.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
н. Фирдавси к. Неъмат Карабоев 52, +992880002183, fayz-1983@mail.ru
|
Санаи нашр |
16.05.2024
|
Дастрас он-лайн |
|