Дар лоиҳаи Тартиб чораҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
1) ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоран дар ҳолатҳои зерин пулҳои фарсударо қабул намоянд;
- пулҳои коғазии чиркиншуда ва равғанолуд, агар унсурҳои ҳимоявиро номаълум накарда бошад;
- рахшикаста агар ранги зиёда аз ду рахҳои шикаста рафта бошанд;
- ғиҷимшуда агар аз ҷониби мошини ҳисобкунӣ хонда шавад;
- дорои сӯрохиҳои қутрашон зиёда аз 5 мм, агар дар натиҷаи хӯрдашавии табиӣ ба вуҷуд
омада бошад;
- чокҳо ба андозаи зиёда аз 10мм;
- доғҳо аз моддаҳои рангӣ бо қутри зиёда аз 10мм2;
- навиштаҷоти аломатҳои бегона (калимаҳо ё ададҳо) иборат аз ду аломати дароз ё се аломати
кӯтоҳ (андозаи 10мм дарозӣ то 30мм паҳноӣ);
- акси тамғаҳо;
- набудани кунҷҳо ва атроф, аз ҷумла қисман сухтагиҳо ба дарозии 5мм. ва паҳноии 5 мм;
- набудани риштаи ҳимоявӣ, агар онҳо ба шинохта шудани аслияти пулҳои коғазӣ монеъ нашаванд
ва шаҳодати ботил будани пулҳо набошанд;
2) ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳолатҳои зерин пулҳои осебдидаро қабул намекунанд:
- пулҳои коғазии аз пораҳои бо асбобҳои буранда қасдан буридашуда ва ширешкардашуда, ки сатҳашон камтар аз 90 фоизи сатҳи ибтидоии пулро ташкил медиҳанд ё тааллуқ доштани пораҳои ширешкардашуда ба як пул шубҳаангез бошад;
- дар сурати мавҷудияти ҳатто 100 фоизи сатҳи ибтидоии пулҳои коғазии бо асбобҳои буранда буридашуда, агар ҳаҷм, тарзи буриш ва ширеш кардани онҳо аломатҳои дигаргунсозиро (сохтакорӣ) бо мақсади қаллобӣ дошта бошанд;
- тангаҳое, ки арзишашон, нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмҳои ходимони барҷаста ба дараҷаи шинохтанашаванда осеб дидаанд.