Рақам 97
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ (минбаъд - таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 16.08.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.10.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамали №____ дар бораи талаботи ҳадди ақал барои баррасии шикоятҳо аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ ва талабот ба ҳисоботдиҳӣ оид ба шикоятҳо
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция №___ о минималных требованиях к рассмотрению жалоб со стороны поставщиков финансовых услуг и требованиях к отчётности по жалобам
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 15.08.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

   Бинобар сабаби такмилталаб будани раванди баррасии шикоятҳо аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани раванди баррасии арзу шикоятҳо дар аксарият таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ дуруст ва боэътимоди пешбари нашудани омори шикоятҳои воридшуда ва дигар мушкилотҳо зарурат барои таҳия намудани Дастурамали мазкур пеш омад.

     Дастурамали мазкур барои пешгирии камбудиҳои мусоидат намуда, барои ба тартиб даровардани раванди баррасии шикоятҳо аз ҷониби шахсони масъули таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

    Таҳия ва татбиқи дастурамали мазкур имкон медиҳад, ки муносибати ягона ба раванди баррасии арзу шикоятҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ ташкил карда шавад.

     Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур ин норасоии қонунгузорӣ метавонад ба коста шудани шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ношаффоф шудани фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ оварда расонад, ки ин омил ба коста гаштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва суғуртавии кишвар оварда мерасонад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамалро бо мақсади риояи муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ, бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин барои баланд бардоштани самаранокии механизми баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва таҳкими боварии аҳолӣ ба фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ таҳия ва қабул менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

     Қабул гардидани Дастурамал дар бораи талаботи ҳадди ақал барои баррасии арзу шикоятҳои таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ ва талабот ба ҳисоботдиҳӣ оид ба шикоятҳо талаботҳои мушаххас оид ба баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявиро аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ дар бар гирифта, чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

  • таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ;
  • риояи раванди ҳисоботдиҳии таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ оид ба шикоятҳо;
  • риояи муқаррароти қонунгузории соҳа.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     То қабул шудани Дастурамали мазкур гарчанде, ки дар қонунгузории ҷорӣ талаботи ҳадди ақал барои баррасии арзу муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва талабот ба ҳисоботдиҳӣ оид ба шикоятҳо муайян шуда бошад ҳам, вале он номуайян ва нопурра буда, барои дастрасии муштариён ба маълумотҳои дахлдори ташкилот нокифоя буд. Бидуни таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқии мазкур бартарф кардани ин мушкилот, тартиб ва талаботҳои муайянро дар ин самт ба низом даровардан ғайриимкон аст. Дастурамали мазкур бо назардошти талаботи бандҳои 59 ва 60 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 тасдиқ гардида ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия гардидааст.

     Бонки миллии Тоҷикистон дигар роҳҳои ҳалли мушкилотро дида баромад аммо натиҷа надод.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

     Қабули Дастурамал аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

     Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • таъмини риояи муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ таъмин мегардад;
  • сатҳи хизматрасониҳои таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ ба истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ беҳтар мегардад;
  • барои баланд бардоштани эътимоди истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

 

     Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • баланд бардоштани самаронокии идоракуниро тавассути истифодаи беҳтари ҳомоҳангсозии байни истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ;
  • сатҳи миёнаравии молиявӣ баланд бардошта мешавад.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 12.08.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00097-MMK-Untitled.FR17.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 10.07.2024
Дастрас он-лайн