Рақам 98
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 15.08.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.10.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 29 сентябри соли 2017, №130"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана "О внесение изменений и дополнений в Постановление Правления Национального банка Таджикистана от 29 сентября 2017 года, №130"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 26.08.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Имрӯз сиёсати қурбии пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат” шинокунандаи танзимшаванда бе муайян ва эълон намудани ҳудудҳои тағйирёбии қурб мебошад.

    Дар асоси талаботи банди 17 Изҳорот оид ба Барномаи ҳамоҳангсози фишангҳои сиёсати Хазинаи байналмилалии асъор Бонки миллии Тоҷикистон бояд сиёсати асъориро бо мақсади рафъи маҳдудиятҳои мавҷудаи асъорӣ ва гузаштан ба тағйирпазирии бештари қурби асъор пеш бурда, якчанд ислоҳотро дар ин самт амалӣ намояд.

     Яке аз ислоҳоти пешбинишуда ин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №228 “Дар бораи тартиби муайян ва эълон кардани қурби расмии пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ” мебошад.

     Ҳамзамон, Дастурамаи мазкур бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” мутобиқ карда шавад. Чунки мутобиқи қисми 4-и моддаи 4-и Қонуни мазкур Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми давлатии танзими асъор қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ муайян менамояд, аммо мутобиқи Дастурамал Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии пули миллӣ - сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ ҳисоб менамояд, ки талаботи Дастурамал ба талаботи Қонун мухолифат менамояд.

     Дар баробраи ин, дар лоиҳаи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Дастурамал таҷрибаи дигар давлатҳо, аз қабили Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон омӯхта шуда, масъалаҳои муҳиме, ки дар Дастурамали мавҷуд набуданд, ворид карда мешаванд.

   Дар ҳолати қабул нагардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур  яке аз талаботҳои Барномаи ҳамоҳангсози фишангҳои сиёсати Хазинаи байналмилалии асъор иҷро намегардад, ки хавфи коста гардидани нуфузи Бонки миллии Тоҷикистон дорад. Ҳамзамон, мухолифати муқаррароти Дастурамал ба Қонун бартараф намегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

    Бонки миллии Тоҷикистон ба Дастурамал бо мақсади риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”  ва иҷроиши талаботи Барномаи ҳамоҳангсози фишангҳои сиёсати Хазинаи байналмилалии асъор тағйиру иловаҳо ворид менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Қабул гардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №228 “Дар бораи тартиби муайян ва эълон кардани қурби расмии пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ” мутобиқнамоии муқаррароти онро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва иҷроиши талаботи Барномаи ҳамоҳангсози фишангҳои сиёсати Хазинаи байналмилалии асъор  дар бар гирифта, чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- такмили раванди муйян намудани қурби асъори хориҷӣ нисбати пули миллӣ;

- иҷроиши талаботи Барномаи ҳамоҳангсози фишангҳои сиёсати Хазинаи байналмилалии асъор;

- риояи муқаррароти қонунгузории соҳа;

- раванди муқаррар намудани қурби асъор дар рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои иди ғайрикорӣ ва ғ.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Масъалаи мутобиқ намудани муқаррароти Дастурамал ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” бидуни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ғайриимкон мебошад.

    Ҳамзамон, иҷроиши талаботи Барномаи ҳамоҳангсози фишангҳои сиёсати Хазинаи байналмилалии асъор низ бе ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамал ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

    Қабули Дастурамал аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

    Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • таъмини риояи муқаррароти қонунгузорӣ асъорӣ;
  • боз ҳам шаффоф гардидани татбиқи сиёсати қурби асъор;
  • баланд бардоштани эътимоди ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба Бонки миллии  Тоҷикистон.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 26.08.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00098-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 23.07.2024
Дастрас он-лайн