Рақам 99
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.09.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.11.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект Закона Республики Таджикистан “О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О ломбардах»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 01.09.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Дар сурати ворид нагардидани тағйру иловаҳои дахлдор фаъолияти субъектони соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ намегардад.  Тағйиру иловаҳои зерин ба қисми даромади буҷети давлатӣ ворид гардидани маблағҳо, инчунин таъминоти равандаи низоми идоракунии соҳа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-иқтисодии шаҳрвандон шароисти мусоид фароҳам меорад.

Дар сурати ворид нагардидани тағйру иловаҳои дахлдор фаъолияти субъектони соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ намегардад.  

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкурро бо назардошти гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, ки аз талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ» ва Нақшаи болозикр бармеомад, таҳия намудааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Натиҷаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур боиси он мегардад, ки низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар рушд ёфта, ба шаффофияти идоракунии маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар самти гарави молу мулки манқул, инчунин баланд бардоштани рияои ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намояд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор пешбурди сиёсати давлатиро дар соҳаи гаравхона   ба зимма дошта, ҷиҳати таъмини иҷрои Фармон ва Нақшаи чорабиниҳои болозикр ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» тағйиру иловҳоро бо мақсади таъмини шаффафияти маблғгузорӣ ва рушди фаъолияти соҳа пешниҳод намуд. Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз талаботи имрӯзаи миллӣ ва байналмлиалӣ бар меояд ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

   Қабули лоиҳа аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

-                     риояи муқаррароти қонунгузортаъмин мегардад;

-                     сатҳи хизматрасониҳо вобаста ба фаъолияти гаравхонаҳо беҳтар мегардад;

-                     ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти гаравхона пешгирӣ карда мешавад;

-                     инчунин баланд бардоштани рияои ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намояд.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳа:

-                     ба шаффофияти идоракунии маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар самти гарави молу мулки манқул мусоидат менамояд;

-         низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дурус ба роҳ монда мешавад.

Дар сурати қабул гардидани Қонуни мазкур тавре зикр намудем, фаъолияти субъектони соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ гардида, ба қисми даромади буҷети давлатӣ ворид гардиан маблағҳо, инчунин таъминоти равандаи низоми идоракунии соҳа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-иқтисодии шаҳрвандон шароисти мусоид фароҳам меорад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 01.09.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00099-MMK-Untitled.FR14.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 900784444, Karimzoda87@mail.ru
Санаи нашр 31.07.2024
Дастрас он-лайн