Рақам 106
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.10.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.01.2025
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017, №64”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Национального банка Таджикистана “О внесение изменений и дополнений в постановление Национального банка Таджикистана от 2 июня 2017 года, №64“
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 25.10.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Cанаи 20 июни соли 2024, №2075 тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” қабул гардид, ки тағйиротҳои дар он пешбинишуда раванди анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармояро мушаххас ва такмил  намуда, ба таъмини риояи стандартҳои байналмилалӣ, шартҳои тахассусӣ, инчунин ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат равона гардидааст.

     Тибқи тағйиротҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” воридкардашуда муқаррароти Дастурамали №223 “Оид ба тартиби огоҳ намудан дар бораи анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ марбут ба ҳаракати сармоя” бояд ба талаботи Қонуни мазкур (моддаи 14 “Амалиётҳои асъории марбут ба ҳаракати сармоя”) мутобиқ карда шаванд, зеро муқаррароти Дастурамал бо муқаррароти тағйиру иловаҳои ба Қонун воридкардашуда фарқ мекунад.

    Дар баробраи ин, дар лоиҳаи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Дастурамал мутобиқ намудани амалиётҳои асъории марбут ба ҳаракати сармоя ба стандартҳои байналмилалии муосир ва дар доираи омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар, ки дар Дастурамал мавҷуд набуданд, ворид карда мешаванд.

     Дар ҳолати қабул нагардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур мухолифати муқаррароти Дастурамал ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” бартараф намегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

   Бонки миллии Тоҷикистон ба Дастурамал бо мақсади риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” тағйиру иловаҳо ворид менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

     Қабул гардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №223 “Оид ба тартиби огоҳ намудан дар бораи анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ марбут ба ҳаракати сармоя” мутобиқнамоии муқаррароти онро ба талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” чораҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- такмили раванди огоҳинамоии анҷоми амалиётҳои асъории марбут ба ҳаракати сармоя;

- риояи муқаррароти қонунгузории соҳа;

- такмили раванди огоҳинамоии кушодани суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби резидентҳо дар бонкҳои хориҷӣ ва ғ.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Мутобиқ намудани муқаррароти Дастурамал ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” бидуни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

     Қабули Дастурамал аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

    Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • таъмини риояи муқаррароти қонунгузорӣ асъорӣ;
  • боз ҳам шаффоф гардидани татбиқи самти танзим ва назорати асъор;
  • таъмини риояи стандартҳои байналмилалӣ;
  • баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ нисбати ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва содда гардонидани раванди анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ марбут ба ҳаракати сармоя.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 21.10.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 16.09.2024
Дастрас он-лайн