Рақам 15
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Бюроҳои таърихи қарз
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 19.12.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.01.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал_ “Оид ба талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони бюрои таърихи қарз”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция №_____ «О квалификационных требованиях к учредителям и руководителям бюро кредитных историй»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 05.01.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Қайд карда мешавад, ки гарчанде Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуқуқии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани таърихи қарзро муайян намуда, хусусиятҳои ташаккул, аз нав ташкил кардан, барҳам додани Бюрои таърихи қарз, принсипҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни низоми ташаккули таърихи қарзро мукаррар сохта, муносибатҳои дар ин соҳа бамиёномадаро ба танзим дарорад ҳам, вале то ба айни ҳол меъёрҳои  вобаста ба  талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони бюроҳои таърихи қарз дар қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нест.

Бинобар ин, ҷиҳати ба сифати муассисон роҳбарони бюроҳои таърихи қарз баромад намудани ашхоси воқеъан шоиста, дорои малакаи зарурӣ ва шарафу эътибори корӣ зарурияти таҳия ва қабули Дастурамали мазкур ба миён омадааст.

Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур ин номукамалии қонунгузорӣ метавонад ба коста шудани фаъолияти таърихи қарз оварда расонида, шахсони аз ҷиҳати касбӣ ва ахлоқӣ номувофиқ метавонанд ба сифати муассис баромад намоянд ва ё роҳбарии фаъолияти бюроҳои таърихи қарзро ба уҳда гиранд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзим ва назорати бюроҳои таърихи қарз  бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни низоми ташаккули таърихи қарз, санади мазкурро таҳия ва қабул менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Қабул гардидани Дастурамал_ “Оид ба талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони бюрои таърихи қарз”  ҷараёни роҳ додани ашхоси лоиқ ва муносибро ба ҳайси муассисон ва роҳбарони бюроҳои таърихи қарзаниқ намуда, масъалаҳои вобаста ба талаботи тахассусии онҳоро дарбар мегирад.  Аз ҷумла:

  • талаботи тахассусӣ нисбат ба муассисон, роҳбари бюроҳои таърихи қарз (аъзои шурои директорон (шурои нозирон), директор (директори генералӣ) ва муовинони он, аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроия (садорат, раёсат, маъмурият), сармуҳосиб ва роҳбарони воҳидҳои сохтории бюроҳои таърихи қарз мушаххас зикр шудаанд;
  • талабот доир ба пешниҳоди маълумот дар бораи муассисони бюроҳои таърихи қарз мушаххас дарҷ ёфтааст;
  • шаклҳои маълумотномаҳо оиди муассисон ва роҳбарони бюроҳои таърихи қарз муайян шудаанд, ки тавассути пешниҳод кардани онҳо, иттилооти зарурӣ нисбати ин ашхос ба мақомоти назоратӣ дастрас мегардад.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Дастурамали мазкур бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” ва “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ваНизомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” таҳия гардида, дар маҷмӯъ, он   барои содда ва мукаммалу мушаххас намудани ҷараёни таъин намудани ашхоси лоиқ ва арзанда ба ҳайси муассисон ва роҳбарони бюроҳои таърихи қарз нигаронида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, мусоидат менамояд.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” тағйиру иловаҳои дахлдор, ки асоси ҳуқуқӣ барои   қабули санади меъёрии ҳуқуқии мазкур шуда метавонанд, дароварда шудаанд. Бинобар сабаби дар Конуни мазкур пешбини нагардидани талаботхо ба тахассуси рохбарон ва муассисони бюрои таърихи карз, бидуни кабули Дастурамали мазкур танзим намудани муносибатхои мазкур бо роххои дигар гайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур ба ҳайси муассисон ва роҳбарони бюрои таърихи қарз нафарони таҷрибадор ва шоиста роҳ дода шуда, истифодаи мақсадноки иттилоот, манбаи маълумоти таърихи қарз ва низоми иттилоотӣ таъмин гашта, фаъолияти мусбии бюроҳои таърихи қарз ба роҳ монда мешавад, ки ба ин васила сатҳи хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ паст гашта, дар навбати худ ин омил ба иқтисодиёти кишвар таъсири мусбӣ мерасонад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 18.12.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00015-MMK-tayrihi_byuroi_karz.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 05.12.2019
Дастрас он-лайн