Рақам 18
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Сарраёсати Хазинадории Марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 25.12.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 19.02.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қоида
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қоидаҳои фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Правила функционирования автоматизированной системы межбанковских денежных переводов Национального банка Таджикистана
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 19.01.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

   Қайд карда мешавад, ки барои фаъолияти низоми пардохтҳои электронӣ – “Палатаи ҳисоббаробаркунӣ” “Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон” амал мекард. Санаи 19 июли соли 2019 ба ивази низоми пардохтҳои электронӣ – “Палатаи ҳисоббаробаркунӣ” Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Низоми мазкур дар асоси стандартҳои маъмули ҷаҳонӣ таҳия гардида, ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад. “Қоидаҳои амалигардонии пардохтҳои электронӣ тавассути низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон”ба тартиби фаъолияти Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон, идоракунии хавфҳо, таъмини ҳифзи маълумот ва ҳимоя аз дастрасии беиҷозат, назорати он ҷавобгӯ нестанд.

     Бинобар ин, ҷиҳати ба талаботи фаъолияти Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо ҷавобгӯ намудан, зарурият пеш омад, ки “Қоидаҳои тартиби фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон” дар таҳрири нав таҳия карда шавад.

     Дар ҳолати қабул нагардидани Қоидаҳои мазкур ташкил ва таъмини фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркунӣ, танзиму назорати фаъолияти Низоми мазкур ва хизматрасониҳои пардохтӣ коста мегарданд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

        Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низоми пардохт буда, бо мақсади роҳбарии ташкил ва таъмини фаъолияти самараноку боэътимоди низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон, қоидаҳо ва тартиби пайвастшавиро ба Низоми мазкур муқаррар менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

        Дар доираи Қоидаҳои мазкур масъалаҳои зерин мавриди танзим қарор мегиранд:

  1. Сохтори Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
  2. Мақсад ва принсипҳои фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
  3. Тартиби пайвастшавӣ ба Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва талаботҳои умумӣ барои иштирок Низом, инчунин боздоштан ва қатъ намудани иштирок;
  4. Фаъолият дар Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
  5. Ташкили фаъолияти қисмҳои ҳисоббаробаркуниҳои умумӣ дар реҷаи вақти воқеӣ, клиринг, пардохтҳои босуръат;
  6. Идоракунии хавфҳо дар Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
  7. Таъмини ҳифзи маълумот ва ҳимоя аз дастрасии беиҷозат;
  8. Ҷавобгарии ва ҳалли баҳсҳо;
  9. Назорати фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

       Ба ҷуз қабул кардани “Қоидаҳои фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон” дигар роҳи ҳал кардани мушкилиҳо вуҷуд надоранд, чун ки Қоидаҳои амалкунанда ба талаботи фаъолияти Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд.

          Бидуни қабули Қоидаҳои мазкур бо роҳҳои дигар ҳал кардани мушкилиҳои ҷойдошта ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

      Қабули Қоидаҳои мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Қоидаҳои мазкур тартиби фаъолияти Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон, қоидаҳо ва тартиби пайвастшавӣ ба низоми мазкур ба танзим дароварда мешаванд. Минбаъд кабули Қоидаҳои мазкур ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ зиёд гардида, ҳамаи пардохтҳои байнибонкӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) қабул, коркард ва интиқол дода мешаванд, ки ин ба пешрафти иқтисодиёти кишвар таъсири мусбӣ мерасонад. Инчунин, қабули Қоидаҳои мазкур боиси он мегардад, ки маблағҳои ғайринақдии мизоҷон тавассути Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо дар реҷаи вақти воқеӣ ва бехатар интиқол мегарданд ва онхо сари вакт маблагхои худро дастрас менамоянд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 25.12.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00018-MMK-koidai_nizomi_avtomatishuda.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 19.12.2019
Дастрас он-лайн