Рақам 20
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.02.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.04.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал “Дар бораи талаботҳои ҳадди ақал ва тартиби нашри маълумот аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция№ «О минималных требованиях и порядке опубликования информации кредитными финансовыми организациями»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 10.02.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Айни замон яке аз мушкилихое, ки дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ҷой дорад – ин мавҷуд набудани механизми дурусти таҳия ва нашри маълумот дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ буда, чунин ҳолат боиси он гаштааст, ки дар сомонаҳои интернетӣ, нашрияҳо, маводи реклама, иттилоънома ва дигар васоити ахбор ҷойгиршуда доир ба хизматрасониҳои молиявӣ маълумоти нопурра, носаҳеҳ, таҳрифшуда, ғайридахлдор инъинкосёфта ва ҳато бардурӯғ нашр гардидааст. Дар заминаи таҳия ва қабул намудани Дастурамали мазкур, чораҳои пешгирии ҳолатҳои нашри маълумотҳои носаҳеҳ ва ба воқеият мувофиқ набуда, аз ҷумла дар сомонаҳои интернетӣ, нашрияҳо, маводи реклама, иттилоънома ва дигар васоити ахбор ҷойгиршуда, ки бевосита ба фаъолият ва хизматрасониҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобастагӣ доранд, муқаррар карда мешаванд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Мақсад аз таҳияи Дастурамали мазкур – ин муқаррар намудани талаботу меъёрҳои ягонаву мушаххас доир ба таҳия ва нашри маълумот дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ ва ба ин васила  ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

     Дастурамали мазкур талабот ва чораҳои мушаххасро оид ба нашри маълумоти дахлдор аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар бар мегирад, аз ҷумла:

  1. Талаботи умумӣ оид ба мазмуни маълумоти аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ нашр гашта;
  2. Талабот оиди маълумоти дар сомонаҳои интернетии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷойгиршуда;
  3. Талабот оиди маълумоти аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар матбуоти даврӣ нашр гашта;
  4. Талабот оиди ҷойгир намудани маълумот аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳудуди биноҳои хизматрасонӣ ба мизоҷон/истеъмолкунандагон;
  5. Чораҳои таъсиррасонӣ нисбати ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми риоя накардани талаботҳои муайяншуда.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Айни ҳол, гарчанде, ки дар қонунгузории ҷорӣ талаботи умумӣ оид ба нашри маълумот аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ муайян шуда бошад ҳам, вале он номуайян ва нопурра буда, барои дастрасии муштариён ба маълумотҳои дахлдори ташкилотҳои қарзии молиявӣ нокифоя мебошад. Қабул шудани санади меъёрии ҳуқуқии мазкур ин мушкилотро бартараф намуда,  тартиб ва талаботҳои муайянро дар ин самт ба низом медарорад.

    Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур ин холигии қонунгузорӣ метавонад ба бад шудани шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ношаффоф шудани фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ оварда расонад, ки дар маҷмуъ ба коста гаштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар оварда  мерасонад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

    Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур шароити мусоид барои аз тарафи шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дастрасӣ пайдо намудани ба маълумоти сеҳеҳу пурра ва зарурӣ ба вуҷуд омада, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ шафоф гардида, боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ зиёд мегардад, ки ҳам ба рушди вазъи иқтисодиву молиявии ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамояд ва ҳам иқтисодиёти кишвар дар маҷмуъ.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 28.01.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00020-MMK-i_tartibi_nashr.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 09.01.2020
Дастрас он-лайн