Рақам 29
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтие, ки ташкилоти қарзӣ намебошанд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 24.07.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 29.09.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок осуществления надзора за платежной системой Республики Таджикистан
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 28.07.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсеа бахшидани хизматрасониҳои пардохтӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои талаботи муосир ҷавобгӯ намудани фаъолияти низомҳои пардохтӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии “Тартиби амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (минбаъд – Тартиб)-ро таҳия намуд.

     Мавриди зикр аст, ки фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ хусусияти ба худ хос доранд ва танзиму назорати онҳо бояд ҳатман тибқи принсипҳои инфрасохтори бозори молиявӣ дар асоси назорати ба хавф нигаронидашуда амалӣ гардад.

     Бо сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии амалисозии назорати низоми пардохтӣ, зарурат пеш омадааст, ки санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва тасдиқ карда шавад, то ин ки фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” (№1397 аз 24 феврали соли 2017), инчунин санадҳои меърии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқ гарданд.

    Тартиби мазкур бо мақсади татбиқ намудани муқаррароти он нисбати таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ пешбинӣ шудааст.

       Дар ҳолати қабул нагардидани қарори мазкур ва андешида нашудани ягон амал, амалисозии назорати фаъолияти низомҳои пардохтӣ, таъмини фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар самти назорати низоми пардохтӣ ва баҳогузории риояи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқукии Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт, санҷиш ва баҳогузории фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда барои таъмин намудани мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин стандартҳои байналмилалӣ, мониторинг ва идоракунии хавфҳои низоми пардохтӣ, ташкили назорати дохилӣ, ҳамчунин ошкор намудани амалу кӯшишҳое, ки ба манфиатҳои иштирокчиёни низоми пардохтӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ таҳдид мекунанд, номумкин мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

      Қобили зикр аст, ки айни замон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба 5 низоми пардохтии ватанӣ ва 9 низоми пардохтии байналмилалӣ иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст (ҳамагӣ 14 иҷозатномаи амалкунанда). Бинобар ин, бо мақсади пешбурди назорати фаъолияти онҳо, зарурати таҳия ва қабул намудани Тартиби мазкур ба миён омадааст.

     Дахолати давлат дар робита ба санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда барои он зарур аст, ки дар ин самти фаъолият то ҳол санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дахлдор мавҷуд набуданд. Фаъолияти оператори низоми пардохтӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти иҷозатномашаванда дохил буда, назорати минбаъдаи фаъолияти субъектҳои назоратшавандаро дар доираи талаботи қонунгузорӣ талаб менамояд.

    Тартиби мазкур барои назорати фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ санади меъёрии ҳуқуқии муҳим ба ҳисоб рафта, мушкилоти амалисозии назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бартараф менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

   Дар заминаи таҳия ва қабул намудани Тартиби мазкур, ба роҳ мондани танзим ва назорати фаъолияти таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, аз он ҷумла иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мешавад.

    Тартиби мазкур чораҳои зеринро доир ба амалисозии назорати низоми пардохтӣ фаро мегирад, ки дар сурати қабул гардидани он, онҳо нисбати таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, аз он ҷумла иштирокчиёни низоми пардохтӣ паҳн мегарданд:

  • ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилоот (аз ҷумла маълумоти ҳисоботҳо), ки ба фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низомҳои пардохтӣ, инчунин сохтори ташкилӣ ва фаъолияти низомҳои пардохтӣ дахл дорад;
  • арзёбии фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ;
  • омода намудани таклифҳо оид ба тағйир додани фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда ва иштирокчиёни низоми пардохтӣ аз рӯи натиҷаи арзёбӣ;
  • санҷиши фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда дар ҷойҳо;
  • санҷиши аз ҷониби ташкилоти назоратшаванда риоя шудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
  • санҷиши фаъолияти ташкилоти назоратшаванда дар самти мутобиқат ба талаботҳои таъмини фаъолияти мунтазами низомҳои пардохтӣ ва низоми идоракунии хавфҳо дар низоми пардохтӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
  • санҷиши риоя шудани талаботи таъмини амнияти иттилоот дар низоми пардохтӣ;
  • ошкор кардани ташкилотҳои назоратшаванда, ки фаъолияти низомҳои пардохтии аҳамиятнокро таъмин мекунанд ва санҷиши мутобиқати фаъолияти онҳо ба талаботи барои низомҳои пардохтии аҳамиятнок муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон;
  • санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳо ва иттилооти (аз ҷумла маълумоти ҳисоботӣ) ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ба фаъолияти воқеии ташкилоти назоратшаванда;
  • санҷиши аз ҷониби оператори низоми пардохтӣ татбиқ шудани тартиби назорати иҷрои қоидаҳои низоми пардохтӣ;
  • муайян намудани низомҳои пардохтии ниҳоят муҳим ва аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим;
  • қабул кардани Принсипҳои инфрасохтори бозори молиявии Кумитаи пардохтҳо ва инфрасохтори бозории БҲБ ва ТБКҚҚ, татбиқпазирии онҳо ва таъмини татбиқи ин принсипҳо нисбати ҳамаи низомҳои пардохтии ниҳоят муҳим ва аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим;
  • татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои назоратшаванда риоя нашудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
  •   баҳо додани нақшаҳои чорабиниҳои ташкилоти назоратшаванда, ки барои рафъи камбудиҳои ошкоршуда равона шудааст, агар таҳияи нақшаро Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода бошад.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

    Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, бо мақсади пешбурди назорати фаъолияти операторони низоми пардохтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон механизми пешниҳоди ҳисоботҳои операторони низоми пардохтӣ тибқи санади меъёрии ҳуқуқии “Тартиби пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти низоми пардохтӣ” (қарори Раёсати БМТ №76 аз 05.07.2019) то инҷониб амалӣ карда мешавад. Санади меъёрии ҳуқуқии зикргардида дар заминаи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ бо иштироки мушовирони байналмилалӣ таҳия шуда, дар Вазорати адлия аз санаи 30 июли соли 2019, №982 ба қайд гирифта шудааст. Санади меъёрии ҳуқуқии зикргардида яке аз қисматҳои пешбурди назорати низоми пардохтӣ ба ҳисоб рафта, танҳо тартиби аз ҷониби операторони низоми пардохтӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳоро танзим менамояд ва вазифаҳои назоратии Бонки миллии Тоҷикистонро пурра қонеъ намегардонад. Илова бар ин, тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои назоратии худ бояд санҷиши фаъолияти операторони низоми пардохтиро  гузаронад, ки набудани тартиби назорати низоми пардохтӣ гузаронидани чунин санҷишҳоро мушкил мегардонад.

     Қабули Тартиби мазкур барои мукаммал намудан ва тақвият бахшидани механизми амалисозии назорати низоми пардохтӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ аз ҷониби таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низоми пардохтӣ ва операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ дар самти мазкур мусоидат менамояд.

     Бинобар ин, қабули лоиҳаи мазкур муҳим мебошад, чунки дар самти амалисозии назорати низоми пардохтӣ санади дахлдор мавҷуд намебошад ва бидуни қабули санади мазкур пешбурди назорати фаъолияти низомҳои пардохтӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон мегардад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

    Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Қабул гардидани қарори мазкур, боиси пешравии фаъолияти операторони низоми пардохтӣ, рушди хизматрасониҳои пардохтӣ баҳогузории риояи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқукии Бонки миллии Тоҷикистон, таъмини субот, бехатарӣ ва муассирии низоми пардохтӣ, ҳавасмандӣ барои шаффофият, таъмини ҳамгироии амалиётӣ, афзоиши дастрасӣ ба хизматрасониҳои пардохтӣ ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони ин хизматрасониҳо, таъмини фазои рақобатпазирӣ ва пешбурди фарогирии молиявӣ амалӣ мегардад, хавфҳои ба фаъолияти номунтазам дучор шудани низомҳои пардохтӣ коҳиш меёбанд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 24.07.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00029-MMK-nizomi-pardokhti.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 24.06.2020
Дастрас он-лайн