Рақам 36
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.06.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.07.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал «Дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция «О формировании системы управления рисками и внутреннего контроля в кредитных финансовых организациях»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 17.04.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Дастурамал “Дар бораи ташкили низоми идоракунии  хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ” (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи қисми 5 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо мақсади баҳодиҳӣ, маҳдудсозӣ ва дуруст муайян кардани хавфҳо бо назардошти шакл ва ҳаҷми истифодаи усулҳои назорати хавфҳо ва амалиёт барои бонкҳо, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд, бонкҳои исломӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии  хурди исломӣ (минбаъд – ташкилотҳои қарзии молиявӣ (ТҚМ)) таҳия гардида, талабот ба ТҚМ-ро доир ба мавҷудияти низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон ҳатмӣ мешуморад, муқаррар менамояд.

Дастурамал бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва таклифу пешниҳодҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таҳия шуда, асосҳо ва қоидаҳои ташкили фаъолияти низоми идоракунии хавфҳо ва низоми назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, талабот нисбат ба назорати фаъолияти низомҳои зикршударо муайян менамояд. Илова бар ин, Дастурамали мазкур тартибу усулҳои идоракунии хавфҳо, фаъолияти низоми назорати дохилӣ ва пешниҳоди ҳисобот ба Бонки миллии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.

Дар ҳолати қабул нагардидани қарори мазкур ва андешида нашудани ягон амал, равандҳои баҳодиҳӣ, маҳдудсозӣ, дуруст муайян кардани хавфҳо, самаранокии фаъолияти низоми назорати дохилӣ ва идоракунии корпоративӣ бевосита ба устувории молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дар маҷмӯъ ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин муқарраротҳои Дастурамали №181 “Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ” ҳамаи ваколату уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳоро дар бар нагирифта, дар он бисёрхурагӣ ва номутобиқатӣ ба қонунгузорӣ ва принсипҳои идоракунии корпоративӣ мавҷуд мебошад. Дар навбати худ, талаботҳои дастурамали мазкур танҳо фаъолияти ташкилоти қарзиро фаро гирифта, меъёрҳои он нисбати бонкҳои исломӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии  хурди исломӣ татбиқ намегардад, ки ин ҳолат ба рақобатнокии носолим ва бе идора мондани хавфҳои бонкӣ мусоидат мекунад.  Илова бар ин дар сурати қабул нагардидани дастурамал баҳогузории фаъолияти ташкилотҳои назоратшаванда барои таъмин намудани мутобиқатии онҳо ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин стандартҳои байналмилалӣ, талаботи ҳадди ақалл барои ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ ҳамчунин ошкор намудани амалу кӯшишҳое, ки ба манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ таҳдид мекунанд, номумкин мегардад.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд.

Дастурамали мазкур барои ташкил ва таъмини фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти идоракунии хавфҳо ва низоми назорати дохилӣ ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии муҳим ба ҳисоб рафта, мушкилоти таъмин намудани мутобиқатии ташкилотҳои қарзии молиявиро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин стандартҳои байналмилалӣ ва амалисозии назорати онҳоро бартараф менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Мақсади Дастурамал муайян намудани талабот нисбат ба ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, ки он амалигардонии назорати самаранокии фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ва вазъи молиявии онро аз тарафи Шӯрои нозирон, Раёсати ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла тавассути иҷрои вазифаҳои зерин таъмин менамояд:

- амалияи мувофиқи идоракунии корпоративӣ ва сатҳи баланди рафтор ва фарҳанги касбӣ;

- риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ ва кормандони он;

- риояи сиёсат ва санадҳои дохилии дигари ташкилоти қарзии молиявӣ аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ ва кормандони он;

- идоракунии самараноки хавфҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба воситаи ошкоркунӣ, андозагирӣ, назорат ва мониторинги саривақти онҳо бо мақсади таъмин кардани мувофиқати сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ ба сатҳи ҷоизи хавфҳо;

- саривақт муайян ва бартараф кардани камбудиҳо дар фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ва кормандони он;

- таъсиси механизми мусоид барои бартараф намудани ҳолатҳои ногаҳонӣ ва фавқулода дар ташкилоти қарзии молиявӣ.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Боиси қайд аст, ки қаблан тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз “31” марти соли 2017 №20 вобаста ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзӣ Дастурамали №181 “Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилоти қарзӣ” қабул гардида буд. Бинобар сабаби мукаммалгардонии дастурамал ба таҷрибаи муосир ва қонунгузории ҷумҳурӣ, инчунин татбиқи талаботи он ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла барои бонкҳои исломӣ ва ташкилотҳои амонатии қарзии  хурди исломӣ эҳтиёҷ барои иваз намудани он ба миён омадааст. Вобаста ба иваз намудани Дастурамали №181 инчунин қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз “16” майи соли 2019 №48 оид ба Роҳнамо “Дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзӣ” қабул гардида буд, ки он хусусияти тавсиявӣ дошта, на ҳамаи муқаррароти он аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар фаъолияташон ба инобат гирифта мешуд.

Бинобар ин, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодгардида дар намуди такмилдодашуда барои идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар амалисозии фаъолияти бонкӣ ба шумор рафта, қабули он ба мақсадҳои танзим ва назорати бонкӣ зарур мебошад.

 

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Қабул гардидани қарори мазкур, боиси пешравии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти ташкили самаранокии идоракунии хавфҳо, низоми назорати дохилӣ ва идоракунии корпоративӣ буда, баҳогузории риояи қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқукии Бонки миллии Тоҷикистон, таъмини субот, бехатарӣ ва муассирии низоми бонкӣ, ҳавасмандӣ барои шаффофият, афзоиши дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони ин хизматрасониҳо, таъмини фазои рақобатпазирӣ ва пешбурди фарогирии молиявӣ амалӣ мегардад, хавфҳои ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ таҳдид кунандаро коҳиш медиҳад.

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 17.04.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00036-MMK-Hul-naksh-#36.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 17.03.2021
Дастрас он-лайн