Рақам 54
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҲҶТ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Субъектоне, ки дар соҳаи воридот, истеҳсол ва истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 17.12.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.01.2022
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи манъ намудани истеҳсол, воридот ва истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект постановления Правительства “О запрете производства, ввоза и использования пластиковой и полиэтиленовой посуды и тары толщиной до 15 микрон в Республике Таджикистан”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 15.12.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

  Яке аз мушкилоте, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин ҷамъшавии зарфу борҷомаҳои пластикии зиёд мебошад, ки Тоҷикистон низ аз он истисно нест.

  Шурӯъ аз солҳои 90-уми асри гузашта ба зарфу борҷомаҳои пластикӣ, бинобар сабаби арзон буданашон ва имкони истифодабарӣ барои нигоҳубини ҳама гуна маҳсулот, талабот зиёд гашт. Аммо таъсири манфии борҷомаҳои пластикӣ ба муҳити зист ба зудӣ эҳсос гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст кашидан аз истифодаи онҳо кушиш ба харҷ дода истодаанд. Тибқи  мушоҳидаҳои коршиносон, дар як сол беш аз 4 триллион борҷомаҳои пластикӣ дар гардиш қарор мегирад, ки аз таъсири он ҳамасола 1 миллион парандаҳо, 100 ҳазор ҳайвоноти баҳрӣ ва шумораи зиёди моҳиҳо ба нестӣ мерасанд. Ҳамчунин, мутахассисону коршиносон таъкид менамоянд, ки зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилениро набояд баъд аз истифода бурданашон сӯзонд ва ё дар кӯчаҳо партофт, зеро онҳо аз худ заррачаҳои махсуси заҳролудро хориҷ мекунанд, ки ҳам ба муҳити зист ва ҳам ба худи инсон таъсири манфӣ мерасонанд.

  Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, агар то соли 2050 одамон аз истифодаи зарфу борхалтаҳои пластикӣ даст накашанд, дар уқёнуси ҷаҳонӣ аз моҳӣ дида партовҳо бештар мешаванд. Моҳи марти соли 2019 ин масъала муддати панҷ рӯз дар ҷаласаи Маҷмааи Умумии СММ дар Найроби (Кения) мавриди баҳсу муҳокимаронии қариб 5 ҳазор ширкаткунандагон – вазирон, донишмандон ва соҳибкорон қарор гирифта буд. Дар натиҷаи ин  ҷаласа Маҷмааи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он дар муддати 10 соли оянда бояд 170 кишвари олам истифодаи маводҳои пластикиро маҳдуд намоянд. Аммо чандин кишварҳо мунтазири ин муҳлат нашуда, дар ин роҳ аллакай тадбирҳо андешидаанд. Дар Франсия ва Литва аллакай истифодаи чунин мавод манъ карда шудааст. Дар Гурҷистон, Украина, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ истифодаи маводҳои пластикӣ маҳдуд шудааст. Аз соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон воридот ва истифодаи борҷомаҳои полиэтиленӣ ва пластикии қутрашон то 40 микрон барои истифодабарӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ, ба истиснои истифодабарӣ ба мақсадҳои шахсӣ, манъ карда шудааст. Дар кишварҳои дигар, амсоли ИМА, Россия, Қирғизистон ва ғайра ба чунин тасмим тайёрӣ мебинанд ва чунин меандешанд, ки ин гуна тадбирҳо бояд тадриҷан ва давра ба давра роҳандозӣ карда шаванд.

  Кишварҳои пешрафтаи дунё барои даст кашидан аз истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ кӯшишҳо карда, давра ба давра рӯ ба истифодаи борҷомаҳои қоғазӣ ва латтагин овардаанд, ки партофтани онҳо ба партовгоҳҳои сахти маишӣ ба муҳити зист таъсири манфӣ надошта, дар муддати кӯтоҳ пӯсида ба манбаи порӯи органикӣ мубаддал мегарданд. Инчунин барои истеҳсоли зарфу борҷомаҳои қоғазӣ ва латтагин хатҳои технологии гаронарзиш зарур набуда, истеҳсоли онҳоро дар заминаи коргоҳҳо ва корхонаҳои дӯзандагӣ ташкил намудан имконпазир мебошад.

   Бо назардошти гуфтаҳои боло, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи манъ намудани истеҳсол, воридот ва истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амали саривақтӣ ва самарабахш мебошад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсади дахолати давлат ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист аз таъсиррасониии номатлуб мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи пешниҳодшуда, чораҳои зерин пешбинӣ гардидааст:

  • манъ намудани истеҳсоли зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон;
  • манъ намудани воридоти зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон;
  • манъ намудани истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон;
  • тақвият додани истеҳсоли зарфу борҷомаҳои қоғазӣ ва латтагини аз ҷиҳати экологӣ безарар.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Чораҳои андешидашуда роҳи ҳалли масъалаи мазкур набуда, бидуни таҳия ва қабули қарори мазкур ба роҳ монда намешавад.

 

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули лоиҳаи қарори мазкур аз буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

- сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд мегардад;

- нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ ва муҳити зист;

- истеҳсол, воридот ва истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар.

Оқибати иқтисодии лоиҳаи мазкур:

Истеҳсоли маҳсулоти ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза на танҳо бозори дохилии кишварро таъмин мекунад, балки ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ содирот шуданаш мумкин аст.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 15.12.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00054-MMK-#54.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 904 00 51 51, Muhammad_0220@mail.ru
Санаи нашр 15.11.2021
Дастрас он-лайн