Рақам 71
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 27.03.2023
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 27.06.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал дар бораи тартиби пешниҳод намудани шакли ҳисоботи омории 1 – А «Ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция о порядке предоставления статистической формы отчётности 1 – Н «Отчёт по налогам и иным обязательным платежам в бюджет»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 27.04.2023
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Мақсади асосии қабули Дастурамали мазкур мукаммалсозии омода намудани маълумоти дақиқ ва шаффоф оид ба андозҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси механизмҳои нави ҷамъбаст намудани маълумот аз рӯи ҳар як намуди андозҳо, маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда  ва ҳисоби тавозунӣ мебошад ва нисбат ба андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшуда аз рӯи онҳо, инчунин дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳисоб ва пардохт менамоянд, татбиқ мегардад. Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур эҳтимолияти нопурра ва носаҳеҳ ҷамъоварӣ ва ҷамъбаст намудани ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии аз ҷониби ТҚМ ба буҷет пардохтшаванда пайдо ва автоматикунонии маълумот дар ин самт ғайриимкон мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Мақсад аз дахолати давлат, яъне қабули Дастурамали мазкур - мушаххас намудани мукаррароти умумии конунгузорӣ дар самти пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад. Хамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон санади мазкурро ҳамчун мақоми танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади таҳлили ҳолати  воқеии молияювию хоҷагидории онҳо таҳия менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

     Лоиҳаи Дастурамали мазкур бо назардошти таҷрибаи муосири ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳоди маълумоти дақиқу саҳеҳ ва саривақтиро оид ба андозҳои ҳисобшуда ва пардохтшуда тақозо менамояд ва дар оянда метавонад дар раванди ҷамъбасти маълумоти оморӣ барои сари вақт ва бемамоният омода намудани нишондиҳандаҳои асосии оморию бонкӣ аз рӯи ҳар як намуди андоз мусоидат намояд.  

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Бояд қайд кард, ки то ин ҷониб ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро дар шакли ҷадвал танҳо аз рӯи намуди андозҳо пешниҳод менамоянд, ки дар ин маврид унсурҳои асосии ҳисоботи мазкур ба монанди рамзи намуди андозҳо, ҳисоби тавозунӣ, маблағи ҳисоббаробаркунӣ ва ғ. номуайян боқӣ монда, дар мавриди ҷамъбасти ҳисоботи оморӣ эҳтимолан метавонад ба нопурра ва носаҳеҳ ҷамъбаст гардидани нишондиҳандаҳои асосиии оморию бонкӣ оварда расонад. Дар лоиҳаи дастурамали мазкур тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ба таври мушаххсас аз рӯи ҳамаи унсурҳои зикргардида пешбинӣ карда мешавад, ки ба мақсадҳои гузошташуда бевосита мувофиқ мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

     Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

    Дар ҳолати таҳия ва татбиқ намудани санади мазкур пеш аз ҳама назорати дурусти қобилияти аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ пардохт намудан, мавҷуд будани бақияпулии қарзи андозӣ ё пешпардохти маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои  ҳатмӣ ба буҷет амалӣ  ва ба ин васила натиҷаи фаъолияти молиявию хоҷагидории ТҚМ  пешгӯӣ карда мешавад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 20.03.2023
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00071-MMK-#71.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 18.03.2023
Дастрас он-лайн