Рақам 72
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар муносибатҳо вобаста ба баҳисобгирии муҳосибӣ иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.05.2023
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.07.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Кодекс об административных правонарушениях Республики Таджикистан»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 28.04.2023
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 26 январи соли 2022 ироа гардид, дар баробари дигар масъалаҳо, таъкид гардид, ки бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳатмии ҳарсола гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дар ин замина ҷалби сармояи хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад

Гарчанде, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, нашри ҳисоботи молиявӣ дар воситаҳои ахбори омма ва доштани сертификати муҳосиби касбиро барои сармуҳосибони субъектҳои дорои манфиати умум пешбинӣ намуда бошанд ҳам, вале барои содир намудани чунин кирдорҳо ва риоя нагардидани меъёрҳои қонунгузории соҳа дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ нагардида, ҳамзамон салояҳияти мақомоти табиқкунандаи он дар Кодекси мурофиаи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда нашудааст.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсади ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади аз байн бурдани ҳуқувайронкуниҳо дар самти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз ҷониби субъектони дорои манфиати умум ва дар ин замина татбиқ намудани муҷозотҳои маъмурӣ боиси баланд бардоштани масъулияти соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони мансабдор гардида, ба саривақт татбиқ гардидани талаботи қонунҳои соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» заминагузор хоҳад буд.

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Бо мақсади риоия ва мавриди амал қарор додани талаботи муқаррарнамудаи санадҳои соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, инчунин мақомоте, ки пешбурди парвардаҳои маъмурӣ дар сурати қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдор ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  моддаҳои алоҳида, аз ҷумла 6481, 6482, 6483  илова карда шудаанд, ки масъалаҳои таъйин кардани ҷарима барои дар муҳлати муқарраргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ пешниҳод накардани ҳисоботи семоҳа ва солонаи муҳосибӣ, барои аз ҷониби субъектҳои дорои манфиати умум риоя нагардидани муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ ба мақоми ваколатдори маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ, барои нагузарондани баҳисобгирӣ ва барӯйхатгирии ҳатмии молу мулк, дороиҳо ва уҳдадориҳо, ки боиси расондани зарар ба давлат гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноятро пешбинӣ менамояд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Натиҷаи тағйиру иловаҳои мазкур боиси он мегардад, ки ҳар як субъект ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ бевосита масъулият ҳис мекунанд ва баҳсобгирии дурсти маюлаҳои буҷети ва ғайрибуҷетиро амалӣ намуда, пас аз бевосита ба Буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағҳои дахлдори андозӣ ва ғайриандозиро анҷом диҳад. Бояд тазаккур дод, ки ҷорӣ намудани механизми мазкур боиси то як сатҳи назаррас паст намудани ҳолатҳои ба миён омадани омилу сабабҳои характери коррупсионидошта ва ҳамагуна кирдорҳои номатлуб мегарданд.

Агар ягон амал андешида нашавад, муносибатҳо вобаста ба пешниҳоди ҳисоботи муҳосибӣ ба танзим дароварда нашуда, баҳсҳо ба вуҷуд меоянд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули лоиҳа аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ:

Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи мазкур фаъолияти субъектони дорои манфиати умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ гардида, ба қисми даромади буҷети давлатӣ ворид гардиан маблағҳо ба таври аммиқ амалӣ карда мешаванд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 28.04.2023
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00072-MMK-#72.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 988378978, anvzar051056@mail.ru
Санаи нашр 28.03.2023
Дастрас он-лайн