Рақам 74
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ МД “Маркази татбики лоихахои шарикии давлат ва бахши хусуси”
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Мақомотҳои марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давалтӣ ва бахшҳои хусусӣ, ки дар раванди таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.05.2023
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.06.2023
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан «О концессиях, государственно-частном партнерстве»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 28.04.2023
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ» (минбаъд лоиҳаи Қонун) дар асоси параграфи4 боби 5 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ҷиҳати иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2018 №227 тасдиқ шудааст, банди 81 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 тасдиқ гардидааст аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонун таҷдиди назар намудани қонунгузорӣ оид ба консессия ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ барои истифодаи васеи механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва консессияҳо дар доираи як қонун мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Тибқи лоиҳаи мазкур заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ такмил дода шуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ механизмҳои нави дастгирии давлатӣ ва кафолатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ карда шуда ва расмиёти пешниҳод ва тасдиқи лоиҳаҳо содда гардонида шудааст.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Натиҷаи қабули Қонуни мазкур имкон медиҳад, ки муносибатҳои консессионӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ рушд намуда, ба ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба рушди инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 28.04.2023
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00074-MMK-#74.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе кучаи Теҳрон 21, 918327000, Karomat.m@mail.ru
Санаи нашр 29.03.2023
Дастрас он-лайн