Рақам 86
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.05.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.07.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок разработки и предоставления финансовых отчетов страховых (перестраховочных) организаций
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 27.05.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки раванди таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) муқаррар ва танзим менамояд.

   Ҷиҳати риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ тасмим гирифтааст, ки Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявиро таҳия намояд.

    Дар ҳолати мавҷуд набудани Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), раванди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ дар фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ба таври дуруст риоя карда намешавад, ки он боиси нодуруст ҷамъбаст гардидани ҳисоботҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Бонки миллии Тоҷикистон Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявиро бо мақсади ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқ намудани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва таъмини шаффофияти он ва рушди инфрасохтори бозори суғурта ва ташаккули низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин афзун намудани саҳми соҳаи суғурта дар иқтисодиёти миллӣ таҳия ва қабул менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

     Дар лоиҳаи Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

 - асосҳо барои дуруст инъикос ва идора намудани дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад ва хароҷотҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

 - муайян гардидани тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

 - ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани  ҳисоботҳои молиявӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешниҳодшаванда.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ танзими фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи талаботи қонунгузорӣ ба уҳда дорад.

     Таҷриба нишон дод, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобаста ба тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), механизми муайяни баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ба роҳ монда намешуд, ки ин омил боиси носаҳеҳ пешниҳод гардидани ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)  ва дар иқтисодиёти миллӣ ночиз будани саҳми суғурта гардидааст.

     Инчунин, набудани санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба таъмин гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон ҳангоми нодуруст ба ҳисоб гирифтани амалиётҳои муҳосибӣ, таъсири манфӣ мерасонад.

     Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” пешбинӣ намудааст, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ ва ба танзим даровардани бозори суғурта ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

   Қабули Тартиб аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

 

   Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • риояи муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъмин мегардад;
  • шаффофияти амалиётҳои суғуртавӣ ва ҳисоботдиҳии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъмин мегардад;
  • барои баланд бардоштани эътимоди суғурташавандагон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои молу мулкӣ ва ҳаёту саломатии аҳолии кишвар мусоидат менамояд;
  • ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқ гардидани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунии) кишвар;
  • нуфузу эътибор ва саҳми соҳаи суғурта дар кишвар ва арсаи байналмилалӣ меафзояд.

 

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • истифодаи самараноки маблағҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъмин карда мешавад;
  • андозсупории ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба таври дуруст ба роҳ монда мешавад;
  • қонунвайронкуниҳо аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар раванди таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ пешгирӣ карда мешавад;
  • устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъмин карда мешавад;
  • сатҳи хавфҳои қобили пардохти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва бозорӣ паст мегардад.

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 27.05.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00086-MMK-Untitled.FR12.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 26.04.2024
Дастрас он-лайн