Рақам 87
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.06.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.08.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан "О дополнении к Кодексу Республики Таджикистан об административных правонарушениях"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 30.05.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Мутобиқи талаботи моддаи 45 Кодекси андоз назорати низоми рамзгузории электронии молҳо, аз ҷумла молҳои зераксизӣ, бо мақсади баҳисобгирии молҳои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, инчунин ҷиҳати пайгирии гардиши минбаъдаи онҳо анҷом дода мешавад. Рамзгузории электронӣ як намуди шиносномаи рақамӣ мол мебошад, ки тамоми маълумоти асосиро дар бораи мол дар бар гирифта, пайгирии роҳи молро аз истеҳсол то фурӯш таъмин менамояд. Масъулият барои рамзгузории молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба зиммаи молистеҳсолкунанда, барои таъмини талаботи рамзгузории молҳои воридотӣ ба зиммаи воридкунанда ва барои ба фурӯш баровардани онҳо ба зиммаи таҳвилкунанда вогузор мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Масъулият барои рамзгузории молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба зиммаи молистеҳсолкунанда, барои таъмини талаботи рамзгузории молҳои воридотӣ ба зиммаи воридкунанда ва барои ба фурӯш баровардани онҳо ба зиммаи таҳвилкунанда вогузор гардида, назорати он аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук анҷом дода мешавад.  

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо ва операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо нисбат ба шахсони воқеӣ,  ҳуқуқӣ, мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа дар маҷмӯъ барои  ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои соҳаи мазкур равона гардидааст. Рамзгузории электронӣ мол раванди нави рақамикунонии назорати молҳои истеҳсолшаванда ва фурухташаванда буда, шаффоф намудани бозорро тавассути пайгирии раванди ҳаракати молҳоро таъмин намуда, ба ин васила ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ кафолати сифати мол дода мешавад. Рамзгузории электронии мол дорои сатҳи дурамзаи - Data Matrix мебошад, ки он дорои маълумоте мебошад, ки ба содагӣ аз ҷониби харидор санҷида ва назорат карда мешавад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи қонуни  мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • сатҳи хизматрасониҳо вобаста ба рамзгузории электронӣ мол васе мегардад;
  • барои баланд бардоштани ному ва нуфузи давлат, маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • шаффоф намудани бозорро тавассути пайгирии раванди ҳаракати молҳоро таъмин менамояд.
  • ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ кафолати сифати мол дода мешавад;
  • истеҳсолоти ватанӣ рушд меёбад ва маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад.

Бо қабул гардидани лоиҳаи пешниҳодшуда назорати риояи қоидаҳои рамзгузории молҳо аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук анҷом дода мешавад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 30.05.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00087-MMK-Untitled.FR12.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 919626205, suodinaev@andoz.tj
Санаи нашр 29.04.2024
Дастрас он-лайн