Рақам 90
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар муносибатҳо оид ба ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои заҳрнок иштирок менамоянд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 16.06.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.09.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан «О внесении изменений в Уголовный Кодекс Республики Таджикистан»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 16.06.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Тағйиру иловаҳо моддаҳои 23, 200, 202, 2022, 204, 206 ва 2061 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта, инчунин ҷиҳати мушаххас намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои моддаҳои сахтаъсир ба Кодекси ҷиноятӣ ворид намудани моддаҳои 2062-2065 дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки замимаи №1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 2023 дар таҳрири нав тасдиқ гардида, дар он номгӯй ва миқдори растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар қисми 2 моддаи 23, банди 3) эзоҳи моддаи 200 ва моддаи 204 Кодекси ҷиноятии амалкунанда калимаҳои «зироатҳои» ва «зироатҳое» мутобиқан ба калимаҳои «растаниҳои» ва «растаниҳое» иваз карда шаванд.   

Дар моддаи 202 ва 2022 КҶ амалкунанда миқдори маводи нашъаовар барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс муқаррар карда нашудааст, ки ҳангоми бандубасти ҷинояткорон монеагиҳо эҷод мекунад. Бинобар ин, дар лоиҳаи таҳияшуда ин камбудиҳо бартараф карда шудаанд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 40-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2021, №145 тасдиқ гардидааст ва банди 3 қарори протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (масъалаи 3-юми рӯзномаи он) аз 30 ноябри соли 2023 таҳия карда шудааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Лоиҳаи мазкур аз 2 модда ва 10 банд иборат буда, муносибатҳо оид ба ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани моддаҳои заҳрнокро танзим менамояд.

Лоиҳа бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва таҷрибаи ҷумҳурӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Дар лоиҳа чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:

- муқаррар накардани миқдори маводи нашъаовар барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс, ки ҳангоми бандубасти ҷинояткорон дар сурати муайян набудани миқдори маводи нашъаовар монеагиҳо эҷод мекунад. Бинобар ин, дар лоиҳаи таҳияшуда ин камбудиҳо бартараф карда шудаанд;

- миқдори моддаҳои сахттаъсирро барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс муқаррар гардидаастт, дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми банду басти кирдори онҳо мушкилиҳои ҷойдоштаро бартараф менамояд. Бинобар ин, дар лоиҳаи таҳияшуда ин камбудиҳо бартараф карда шудаанд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа дар маҷмуъ барои ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои самти мазкур равона гардидааст.

Аз чониби таҳиякунанда чунин чораҳо (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуҳуқӣ) андешида шудаанд:

• фаҳмондадиҳӣ байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ки дар муносибатхои зикргардида иштирок менамоянд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

• ҳангоми бандубасти ҷинояткорон монеагиҳоро бартараф менамояд. Бинобар ин, дар лоиҳаи таҳияшуда ин камбудиҳо бартараф карда шудаанд;

• дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми банду басти кирдори ҷинояткорон мушкилиҳои бартарф менамояд.

Окибатҳои иқдисодии лоиҳаи мазкур:

• муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳоро ба танзи медарорад.

• барои муомилоти моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок, гирифтани иҷозатномаи дахлдорро пешбинӣ гардидааст

Бо қабул гардидани лоиҳаи пешниҳодшуда татбиқи дуруст ва яксони мукаррароти конунгузории амалкунанда оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок, мусоидат хохад намуд.

Бидуни ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин танзими масъалаи мазкур ғайриимкон мебошад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 16.06.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00090-MMK-Untitled.FR13.pdf
Тамоси таҳиякунанда н. Фирдавси к. Неъмат Карабоев 52, +992880002183, fayz-1983@mail.ru
Санаи нашр 16.05.2024
Дастрас он-лайн