Рақам 93
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.06.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 15.09.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Фармон
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Указ Президента Республики Таджикистан «О дополнительных мерах по внедрению международных стандартов бухгалтерского учета и финансовой отчетности в деятельности хозяйствующих субъектов»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 18.06.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

      Тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии субъектҳои дорои манфиати умум бояд мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ амалӣ гардида, ин раванд дар субъектони хоҷагидории дигар, аз ҷумла ташкилоти буҷетӣ ва субъектони соҳибкории хурду миёна мутобиқ ба тартиб ва қоидаҳои миллӣ (анъанавӣ) амалӣ гардида истодаанд.

      Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкуррро дар заминаи «Шартномаи рад намудани ҳуқуқи муаллифӣ дар ҳудуди қаламрави маҳдуд» 30 августи соли 2006 байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои парасторони Кумита оид ба Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ 36 номгӯйи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ пешниҳод шуда, бо  фармоиши вазири молия аз 31 декабри соли 2008, №134 тасдиқ ва барои истифодаи умум нашр гардидаанд, ки то инҷониб ба таври васеъ татбиқ карда нашудааст.

       Дар сурати қабул нагардидани чунин санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии субъектҳои дорои манфиати умум  мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ амалӣ нагардида, ин раванд дар субъектони хоҷагидории дигар, аз ҷумла ташкилоти буҷетӣ ва субъектони соҳибкории хурду миёна мутобиқ ба тартиб ва қоидаҳои миллӣ (анъанавӣ) амалӣ намегарданд.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 5 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2024, №2 бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва дар заминаи ҳисоботи молиявӣ таъмин намудани маълумоти шаффоф, саҳеҳ ва эътимоднок ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ, инчунин вусъат додан ба раванди дастрасӣ ба бозорҳои молиявии байналмилалӣ таҳия карда шудааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

      Натиҷаи қабул гардидани фармони мазкур боиси он мегардад, ки ҳар як субъект ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ бевосита масъулият ҳис мекунанд ва баҳсобгирии дурсти маюлаҳои буҷети ва ғайрибуҷетиро амалӣ намуда, пас аз бевосита ба буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағҳои дахлдори андозӣ ва ғайриандозиро анҷом диҳанд.

      Дар лоиҳаи мазкур чораҳои зерин пешбин гардидаанд:

- боиси то як сатҳи назаррас паст намудани ҳолатҳои ба миён омадани омилу сабабҳои характери коррупсионидошта;

- аз байн бурдани рӯйпуш намудани пардохти маблағҳои давлатӣ ба буҷет ва ҳамагуна кирдорҳои номатлуб.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

       Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори пешбарандаи самти сиёсати молияӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ мебошад.

     Дар асоси фармони мазкур гузариши пурраи низоми амалкунандаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба стандартҳои байналмилалии соҳа пешбинӣ гардида, мувофиқи нақшаи амал чорабиниҳои зарурӣ барои таъмини иҷрои он, аз ҷумла такмили низоми қонунгузорӣ, низоми такмили ихтисоси шахсони масъул, инчунин таҳия ва ба таври марҳилавӣ ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ барои тамоми субъектони хоҷагидории иқтисоди миллӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

 

     Қабули лоиҳа аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

     Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ:

     - фаъолияти субъектони дорои манфиати умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ мегардад;

 - таъминоти равандаи низоми баҳисобгирии муҳосибии давлат тибқи стандартҳои байналмилалии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ ба роҳ монда мешавад. 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 18.06.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00093-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 900784444, Karimzoda87@mail.ru
Санаи нашр 17.05.2024
Дастрас он-лайн